Тоҷикистону Амрико ба қочоқи маводи нашъаовар муқовимати бештар хоҳанд намуд

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини директори минтақавии Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Новокоскӣ мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот директори Агентӣ барои ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба гурӯҳҳои муташаккили маводи нашъаовари фаромиллӣ ва расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ба роҳбарияти Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, фаъол гардидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар минтақа ва афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон омодагии худро барои густариш додани ҳамкории дуҷониба иброз намуданд.