Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев, Рустами Эмомалиро муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Рустами Эмомалиро дар ин сафар, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.