Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, бо истифода аз роҳи оҳан хатсайрҳои мусофирбарию сайёҳӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” бо такя ба КВД “Роҳи оҳан” хабар дод.
Гуфта мешавад, тарҳи ташкили хатсайри нави мусофирбарию сайёҳӣ ба шаҳрҳои Андиҷон, Самарқанд, Бухоро ва Қаршии Ӯзбекистон ҳанӯз 2 сол пеш рӯи даст гирифта шуда буд.
“Аммо хуруҷи пандемияи коронавирус монеи иҷроӣ кардани тасмим гардид. Хушбахтона, ҳоло вазъият беҳтар шудааст, мо ба унвони ҳукумати кишвар муроҷиат намудем ва умедворем, ин хатсайр роҳандозӣ хоҳад шуд”, – гуфтааст сардори КВД “Роҳи оҳан” Убайдулло Обидов.
Дар сурати иҷроӣ шудани ин тасмим хатсайри мазкури сайёҳӣ аз миёни якчанд шаҳрҳои ду кишвари ҳамҷавор Андиҷон – Конибодом – Хуҷанд – Душанбе – Самарқанд – Бухоро – Қаршӣ убур хоҳанд кард.
Ба гуфтаи масъулин, барои роҳандозии ин тарҳ ҳолати техникии ҳамаи қаторҳои мусофирбарӣ омода карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ду сол қабл равуои қатораҳои ширкати “Роҳи оҳан” дар масири Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд ва инчунин Душанбе – Маскав– Душанбе ва Кӯлоб – Маскав– Кӯлоб ҳар ҳафта пайваста сурат мегирифт. Вале хуруҷи вируси дунёгири COVID -19 боиси бозмондани ҳаракати қатораҳо шуд.