«Регар-ТадАЗ» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид

«Регар-ТадАЗ» бо шикаст додани «Ҳосилот» сеюмин бор дар таърихи худ Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Дар бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳам рақобат намуданд.

Дидори дастаҳо бо ғалабаи калони «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 4:0 ба поён расид.

Дубли Артур Фозилов ва голҳои Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба бошгоҳи шаҳри Турсунзода пирӯзӣ овард.

Мақоми дувум насиби дастаи «Ҳосилот»‘-и Фархор гардид.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюми Ҷоми ФФТ-2022 «Файзканд»-и Восеъ дастаи «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 3:1 ноком карда, ҷойи сеюм ва медали биринҷиро соҳиб гардид.

Беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамлавари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Артур Фозилов, ки ба дарвозаи «Ҳосилот»-и Фархор дубл кард, дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан «Регар-ТадАЗ» дар солҳои 2012 ва 2016 низ ин ҷоизаро соҳиб шуда буд.

Сорбон Амонуллозода,
Радиои Тоҷикистон