Дар ин бора Муҳаммадумар Асозода, раиси навтаъини ШСХК “Барқи Тоҷик” дар нишасти матбуотии ниҳодаш маълумот дода, гуфт неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 275,2 млн.кВт.соат ба маблағи 635,9 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 146,8 млн.кВт.соат ба маблағи 258,8 млн. сомонӣ содирот карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки ШСХК “Барқи Тоҷик” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди сохторӣ гардида, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ташкил шуд ва дар санаи 9 январи соли 2021 дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро аз санаи 11 январи соли 2021 оғоз намуда буд.
ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” самти асосии фаъолияти худро вобаста ба кам намудани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, омода намудани инфрасохторҳои шабакаҳои интиқоли барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намудааст.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бошад, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои тақсимоти барқ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш додани сатҳи нишондиҳандаи талафот, беҳтар намудани ҷамъоварии маблағҳо ва роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои дебиторӣ таъсис дода шудааст.
Дар соли 2021 дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 млрд. 925,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 676,9 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ бошад, нисбат ба соли 2020 ба андозаи 46,7 ҳазор Гкал зиёд гардида, дар соли 2021 дар маҷмуъ 1 млн. 208,6 ҳазор Гкал-ро ташкил дод.
Шоистаи Аҳмад
Радиои “Тоҷикистон”