Биноҳои нави парлумон ва ҳукумати кишвар моҳи октябри соли 2023 ба истифода дода мешавад.
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ имрӯз 4 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбарияш гуфт, бинои нави парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он бунёди гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо дар назар аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Бинои Ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнаии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.
Бояд гуфт, сохтмони биноҳои парлумон ва ҳукумат дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо кумаки молии Чин ба маблағи 1,5 миллиард юан (ҳудуди 220 миллион доллар) амалӣ хоҳад шуд.
Созишнома ҷудо кардани кумаки бебозгашт байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли 2017 зимни сафари давлатии Перзиденти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин имзо шуда буд.
Таҳкурсии биноҳоро моҳи октябри соли 2018 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кесян гузошта буданд.