Бозтоби муҳимтарин нукоти нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ аҳдшиканиҳои ҷониби Қирғизистон дар иҷрои тавофуқоти марзӣ, мушкилоти тарки пеша кардани муаллимони мактабҳои миёна, идомаи болоравии нархи билети парвозҳо ба Русия ва ҳолати ногувори соҳаи пиллапарварӣ дар кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба он таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 феврал мақолае бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи суннатҳои неки давлатдории ниёгон” менависад, ки андешаи сарвари одил ва давлатдорӣ дар хатсайри таърихии худ дар фазои фарҳанги мардуми ориёитабор давра ба давра рушд ёфта, бо тақозои вазъу шароити мавҷуда такмил ва тағйир пазируфтааст ва то замони мо омада расидааст.
Ба гуфтаи муаллиф, ҳамин бахши арзишманди мероси фарҳангии ниёгон ҳамчун як заминаи муҳими ташаккули сират, шахсият, ҳувият ва фазилатҳои неки маънавию ахлоқии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хизмат намудаанд ва ба Пешвои миллат имкон додааст, ки аз ин мероси гаронбаҳо дар такмил ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон самаранок истифода баранд.
Ба хулосаи муаллиф, ибтикороти шахсии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ ҳамон таҷрибаҳо ва суннатҳои волои давлатдории Ҷамшеду Таҳмурас, Ҳушангу Фаридун, Кайхусрав, Курушу Доро, Шопуру Анӯшервон ва шоҳони дигари сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиҳоро такрор ва инъикос мекунанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 феврал дар матлабе мушкилоти таъмини мактабҳои миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсии босифатро матраҳ карда навиштааст, ки китобҳои дарсӣ пайваста чоп мешаванду дастраси хонандагон мегарданд, аммо масъалаи сифат ва мазмуну муҳтавои онҳо ва баъзан номутобиқатӣ бо стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз мушкилоти имрӯз боқӣ мемонад.
Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф, дар баробари кам будани ҳаққи қалами муаллифон, барои муқарризон, ки ба ҳусну қубҳи дастхати адабиёти таълимӣ баҳо медиҳанд, музди меҳнат пардохт намешавад. Ин омил бештари вақт боиси рӯякӣ арзёбӣ шудани дастхати китобҳои дарсӣ аз ҷониби коршиносони муассисаҳои дахлдор мегардад.
Ба хулосаи муаллиф таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар раванди таҳия ва чопи адабиёти таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ҳамин минвол идома ёбад, бо маблағҳои фонди гардони иҷораи китобҳои дарсӣ ба нашр расондани адабиёти таълимӣ дар оянда ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 феврал мақолае бо номи “Чаро ба истеҳсоли пилла берағбатем?” чоп карда навиштааст, ки аз соли 2001 то кунун дар бораи рушди кирмакпарварӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷот дар соҳаи саноати абрешим як қатор қарору дурнамо, консепсия ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расид, аммо мутаассифона, тайи 11 сол камбудиҳо бартараф нашуда, ба комёбӣ дар ин соҳа ноил нагардидем.
Муаллиф таъкид мекунад, ки агар сабаби рушд наёфтани соҳаро дар паст будани сифати тухми кирмак қаламдод кунем, пас даҳ сол гузашт, кай тухми кирмак хушзот карда мешавад, то маҳсулаш дар бозор рақобатпазир бошад? Хулосаи муаллиф ин аст, ки соҳа дар даврони бозаргонӣ ба имтиҳон тоб наовард.
Сабаби дигари рушд наёфтани соҳаро мутахассисон дар таносуби нодурусти заҳмат ва арзиши он мебинанд, яъне мутахассисон бояд барои кирмакпарвар на ин ки ваъда диҳанд, балки шароит муҳайё созанд, технологияи нави парвариши кирмакро таври шоиста ба роҳ монанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 феврал матлабе дар мавриди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон нашр карда, аз қавли Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд навиштааст, ки маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш ва минтақае, ки аз он роҳи Ӯш-Исфара мегузарад, қаламрави Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Аҳмадзода, ин қимати замин бо дарозии 275 метр тибқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, соли 2007 бо хоҳиши ҷониби Қирғизистон ба муддати 49 сол ба ин кишвар иҷора дода шудааст. Раиси вилояти суғд таъкид кард, ки Қирғизистон ягон далели ҳуқуқӣ барои баҳсбарангез донистани ин қитъаи замин надорад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз қавли масъулини соҳаҳои маориф ва тандурустии вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар соли 2021-ум 2067 омӯзгори мактабҳои миёна ва 160 табиби таҷрибадор тарки пеша карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 3 феврал мақолае бо номи “Қирғизистон ба ғасби заминҳо омодагӣ мегирад?” нашр карда, савол гузоштааст, ки замини баҳсӣ эълон кардани қитъаи 275-метраи замин дар Исфара аз сӯи мақомдорони қирғиз ба чӣ маъност? Муаллифи матлаб, таҳлилгар Неъматулло Мирсаидов бар ин назар аст, ки даргирии охирин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби ҳамсоя аз қабл тарҳрезӣ шуда буд.
Ба гуфтаи муаллиф, замина барои ғасби қитъаи 275 метраи замин дар соҳиди рӯди Исфара дер боз аз ҷониби Қирғизистон гузошта шуда, баёнияи ахири президент Садир Жапаров дар мавриди беэътибор будани қарордоди иҷораи ин қитъаи замин ниятҳои қирғизҳоро бармало кард. Нашрия дар идомаи баррасии ҳамин мавзӯъ дар матлаби дигаре аз қавли таҳлилгар Шералӣ Ризоён навиштааст, ки мушкилоти баҳсҳои марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек дар расонаҳои Қирғизистон оҳанги сиёсӣ касб карда, дар муборизаҳои сиёсӣ миёни нухбагони ин кишвар истифода мешавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки чаро бо вуҷуди ҳушдорҳои Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон, нархи билети парвозҳо ба Русия ҳамоно тамоюли афзоиш дорад. Муаллиф навиштааст, ки айни замон қимати билети ҳавопаймо ба баъзе аз шаҳрҳои Русия аз 8 ҳазор сомонӣ ҳам гузаштааст.
Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф, ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ эълон кард, ки ҳақ надорад ба нархгузории билетҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ мудохила кунад. Абдулмаҷид Муъминзода, раҳбари ин хадамот гуфт, ки тибқи қарордоди соли 2000 миёни Тоҷикистону Русия, нархи билети ҳавлпаймо дар асоси талаботи бозор муайян карда мешавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 3 феврал мақолае бо номи “Дефитсити муаллим” навиштааст, ки солҳои охир масъалаи норасоии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба як мушкилоти хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст. Муаллиф зимни баррасии сабабу омилҳои тарки пеша кардани муаллимони таҷрибадор ва камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба касби омӯзгорӣ навиштааст, ки маоши хуб ва имтиёзҳои зиёд аз ҷумлаи тадбирҳе ҳастанд, ки муаллимро ба мактаб бармегардонанд.
Нашрияи “Фараж” дар мақолаи дигари ин шумораи худ, мушкилоти партовгоҳҳои ғайрирасмӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлонро баррасӣ карда, чандин акс аз ғарами партов дар кӯчаҳои ин шаҳр чоп кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар шаҳри Бохтар аз ҷониби сокинони бархе маҳалаҳо партовгоҳҳои ғайрирасмӣ ташкил карда шудаанд, ки масъулини хадамоти шаҳрдорӣ аз поксозии онҳо сарпечӣ мекунанд. Масъулони хадамоти коммуналӣ сокинонро дар партофтани партовҳо дар ҷойҳои номуайяншуда гунаҳкор дониста, поксозии онро масъулияти Корхонаи фаръии таъмиру истифодабарии иншооти шаҳри Бохтар медонанд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
радиои “Тоҷикистон”