Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобӣ Ҷоми футболи Осиё 2023 дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур 24-феврали соли 2022 баргузор мешавад.
Дастаи асосии футболи кишвар дар соли 2021 натавонист ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар роҳ ёбад, аммо муборизаро дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё идома медиҳад. Ин мусобиқа, ки маротибаи 18-ум паи ҳам сурат мегирад, аз 16-июн то 16-июли соли 2023 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мешавад. Бозиҳои Ҷоми Осиё дар 10-шаҳр: Пекин, Тянҷзин, Шанхай, Чунсин, Ченгду, Сиан, Далян, Синдао, Сямен ва Сучжоу баргузор мегардад.
Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳамагӣ 24-даста ширкат меварзад. Аз инҳо 13-даста аллакай маълуманд: Қатар, Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, АМА, Корея, Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон.
Барои роҳхатҳои боқимонда 24-даста, аз ҷумла Тоҷикистон мубориза мебарад. Сабадҳои қуръакашӣ пас аз нашри рейтинги навшудаи ФИФА дар таърихи 10-феврал тартиб дода мешаванд.
Дар бораи формати мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023: 24-даста ба 6-гурӯҳ тақсим мешаванд. Мусобиқаҳо дар гурӯҳҳо аз 8 то 14 июн ба таври мутамарказ доир мегардад.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”