Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сокро қабул кард.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.
Фарҳод Салим Сафири нави Кореяро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели 2015 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода мебошад.
Қаблан дипломатҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати Кордор фаъолият мекарданд.
Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.