Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и пойтахт вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Метте Кнудсен иштирок доранд. Тибқи барнома, Форуми 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи бахшҳои гуногун то бегоҳ идома хоҳад кард.
Дар бахши аввал иштирокчиён талошҳои муштаракро барои вокуниши таҳдиду чолишҳои мавҷуда ба амният ва субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд. Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, баргузории форуми мазкуро дар самти талошҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм муҳим арзёбӣ кард.
Дар бахшҳои дигари форуми мазкур муколама бо роҳбарони ҷавонон ва марҳилаи чоруми Барномаи муштараки амал ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ «Дар самти татбиқи Нақшаи амалиёти муштарак дар доираи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ хоҳанд гардид.
Ба итилои манбаъ, интизор меравад, ки дар раванди баргузории вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни киварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҷойдошта ва аҳамияти умумиминтақавидошта ва та мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин иштирокчиёни Форум роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа, вазъи башардӯстона дар он кишвар ва зарурати расонидани кӯмаки фаврии башардӯстӣ ба мардуми Афғонистон табодули афкор хоҳанд намуд.
Баҳруллои Маҳмадшариф
Радиои “Тоҷикистон”