Имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид. Бахшида ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Амриддин Шарифов суҳбат анҷом дод.
Зимни суҳбат мавсуф таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввалини интихоб ба сифати Сарвари давлати тоҷикон эълом доштанд, ки ҳадафи асосиашон истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо ва ваҳдат мебошад. Таъкиди ибораи «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам» дар аввалин суханронӣ далели қатъият дар кори сулҳ ва махсусияти шахсияти Пешвои миллат мебошад», — тазаккур дод ӯ.
Дар раванди татбиқи ин ҳадафҳои олӣ, ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Сарвари давлат иродаи қавӣ, мардонагӣ, ҷасорати бемаҳдуд ва дурандеширо ба хотири миллат нишон доданд.
Тавре А. Шарифов илова намуд, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мезанад.
Андешидани тадбирҳои зарурӣ, ба таъкиди мавсуф, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии давлатӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузург, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ омили тағйири сифатии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ шуд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ 45 миллиард сомонӣ (то соли 2016) равона карда шуд, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар 15 соли охир даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Мубодилаи молу маҳсулот бо 100 кишвари ҷаҳон аз беҳбудии сифатӣ дар ин самт дарак медиҳад.
Бунёди корхонаву марказҳои хизматрасонӣ, бастани аҳдномаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, эъломи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз моҳияти сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Пешвои миллат бармеоянд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешво, ба гуфтаи А. Шарифов, дар самти рушди кишвар ва ҳифзи амнияти он таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи мактабу маориф мебошад, зеро миллати босавод заминаи боэътимоди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, метавонад ислоҳоти созандаро татбиқ намояд ва дар баробари ақлу дониши худ аз дастовардҳои илмиву фаннии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати худ истифода барад.
Аз ин рӯ, таҳкиму тақвияти соҳа ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти мардуми кишвар яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб мегардад. Дар замони Шӯравӣ новобаста аз иқтидор ва неруи давлат, дар Тоҷикистон теъдоди муайяни мактабҳо дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ ҷойгир буданд. Ин камбудӣ танҳо дар солҳои истиқлолият ҳалли худро ёфт. Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил дод.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, раванди таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ ба беҳбуди инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Додани диққати асосӣ ба соҳаи маориф, дастгирии ниҳодҳои ин самт, фиристодани ҷавонони лаёқатманд ба марказҳои пешрафтаи таълимиву илмии ҷаҳонӣ ва ифтитоҳи макотиби нави сатҳҳои гуногун дар дохили кишвар инъикоси моҳияти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
«Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши арзишҳои ғарбӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои миллӣ – ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Рисолати Пешвои миллат дар ин самт дорои дастовардҳои беназир буда, аз сатҳи баланди татбиқи ормонҳои миллат – ҳифз ва тарғиби фарҳанги тоҷикон шаҳодат медиҳад, — гуфт ӯ ва илова намуд, ки таҷлилу бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 1100 – солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳифозат аз мазҳаби таҳаммулпазиронаи ҳанафӣ далели муаррифии арзиш, усул ва тафаккури ғоявӣ, фарҳангӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Кулли мардум медонанд, ки тамоми классикони илму адабиёт ҳамзамон олимони воқеии дину шариат буда, ин ҷанба яке аз махсусияти хоси тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои нуфуз ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар арҷгузорӣ ба фаъолият ва осори бузургон мебошад».
Аз ҷониби дигар дастур оид ба таълифи Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, осори пурғановати бузургон, гузоштани санги асос ба Масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ҳимояти мазҳабу дин аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили иртибот надоштани терроризм ба ислом, зиёрати хонаи Худо ҳамчун шукргузорӣ аз истиқрори сулҳ, шарафи зиёрати дохили ҳарами шариф, ворид шудан ба рӯйхати 500 мусулмони муассири дунё аз камоли мусулмонӣ, ҳимоят аз дину оин ва мазҳаб, на танҳо дар фазои кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон дарак медиҳад.
«Бешубҳа, мо метавонем Пешвои миллатро ҳамчун ҳомии мазҳаб ва сулҳ эътироф намоем, зеро такя ба мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва пешгирии хушунат дар заминаи динӣ мебошад. Имрӯз кишварҳое, ки дорои низоми ба ном озодии мазоҳиб мебошанд, ба майдони бархӯрди мазҳабу оин дар доираи гурӯҳ, ҳизб ва мадрасаву масоҷид табдил ёфтаанд», — гуфт ӯ.
Бино ба ҳамсуҳбати мо, муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои боз»-ро гирифтааст. Интихоби сиёсати «дарҳои боз» аз як тараф, роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар, инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик, яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи фаъолияти Пешвои миллат мебошад.
«Тоҷикистон бо баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкории оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд», — таъкид намуд А. Шарифов.
Ба андешаи ӯ, ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалияти миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд. Дар ин марҳила вазифаи муҳимтарин — то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ — тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.
Дар сурати татбиқи муваффақонаи стратегияи мазкур имкон фароҳам меояд, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, сиёсати созандаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҳар тоҷикистонӣ ба оянда бо эътимод назар карда, тарҳи мукаммал ва муваффақи зиндагии халқу миллат ва худро тарҳрезӣ намояд.
Аз ин рӯ мардуми кишварро зарур аст, ки дар навбати аввал барои эҳдои Яздон – интихоби Сарвари хирадманду дилсӯз ва мардумӣ ба маънои том шукргузорӣ намуда, барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек — ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳм гузорад.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”