28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд гардидааст.
Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдураҳмон-2013” анҷом дода, дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур зиёда аз 60 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуданд.
Масоҳати умумии Боғи фарҳангию фароғатӣ 3 гектарро ташкил медиҳад.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ аттраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва торшерҳо (чароғи поядор) барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.
Дар боғи мазкур дар масоҳати 6500 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ сурат гирифта, ҳамзамон навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди навсозӣ ба мавзеи зебою назаррабо табдил ёфтааст, ки дар он барои сайру гашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам гардидааст.