Дирӯз мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари гурӯҳи ширкати байналмилалии “Lalei Al Barakah”-и Подшоҳии Арабистони Саудӣ Шайх Солеҳ Баттерҷӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкати мазкур табодули афкор сурат гирифт.