8-9 октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз баррасии лоиҳаҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби комиссия оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ғолибон аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Маҷмуаҳои шаҳрсозӣ» ташкилоти зерин муайян карда шуданд:
-ғолиби ҷойи 1- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»,
-ғолиби ҷойи 2 – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,
-ғолиби ҷойи 3 — КВД «Лоиҳакаш».
Ғолибони озмун аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Бино ва иншоот» ин ташкилот гардиданд:
-ғолиби ҷойи 1 КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз»,
-ғолиби ҷойи 2 — ҶСК «Саноатсоз»,
-ғолиби ҷойи 3 — ҶДММ «Арк Синон».
Дар рӯзи дуюми форум муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода меҳмонони ин форумро хайрамақдам гуфт. Ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Русия, котиби масъули МАСА, академик И.Воскресенский иброз намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи Байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) бо овоздиҳии якдилона Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти МАСА интихоб гардид.
Ҳамзамон собиқадорони соҳа ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо медали Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.