11-13 октябри 2021 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Тавре манбаъ зикр мекунад, дар кори ҷаласа масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия ҷиҳати баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ҷаласаи мазкур 13 октябри соли 2021 Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва В2В вохӯриҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо иштироки беш аз 100 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия пешбинӣ шудааст.