Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Президенти Қазоқистони дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба ҷашни зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба ӯ беҳтарин таманниёташонро иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат Сарварони ду давлат атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Пешвои миллат ба Президенти Қазоқистон барои табрикоташон ибрози сипос намуда, бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи муносиботи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ қайд карданд.
Дар ин зимн ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҷиҳати пешбурди ҳамкории ҷонибҳо, ки дар рафти сафари расмии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи марбута зоҳир карда шуд.