Шиносоии намояндагони ИМА ва ЮНИСЕФ бо шароитҳои ваксинанигоҳдорӣ дар Тоҷикистон

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндаи ЮНИСЕФ аз яхдонҳои махсуси вазорат, ки дар онҳо вояҳои ваксина нигаҳдорӣ мешаванд, дидан карданд.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати тандурустӣ, Ҷон Марк Поммершайм ва Осама Маккави, ҳамчунин ба Маркази саломатии №13-и пойтахт ташриф  оварда, бевосита рафти маъракаи ваксинатсияро дар зидди бемории коронавирус мушоҳида намуданд. Манбаъ бо такя ба маълумоти табибони марказ менависад, ки сокинон бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон  ба марказ ташриф  оварда, ваксинаи зидди бемории коронавирус мегиранд.

Дар ин дидор муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати ИМА ҷиҳати кӯмак расонидан дар мубориза бар зидди бемории коронавирус, хусусан тақдими вояҳои ваксинаи “Модерна” аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кардааст, ки  имрӯзҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор доранд.

Хотирасон мекунем, ки бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 1,5 млн воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун кумаки башардӯстона  ворид карда шуд.

Дар назар аст, ки вояҳои қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи ваксинатсия оғоз шавад.

Гуфта мешавад, ки бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина карда мешаванд.