Шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии рафиқона миёни тимҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистону Узбекистон доир шуд.
Тавре сомонаи Кумитаи олимпӣ менависад, ҳарчанд бозингари тими меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод, аммо дар охир мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолони ӯзбеки худ бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд. Ба навиштаи манбаъ, бозингари мунтахаби мо Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар карда, Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигарро ба самар расониданд.
“Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаби моро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Боз ҳам футболбозони навраси Тоҷикистон ташаббус ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашумро ба ҳадаф расонд»,-гузориш додааст, Кумита.
Бояд гуфт, ки пагоҳ мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд.