То имрӯз 112 ҳазор сокини вилояти Суғд ваксина гирифтаанд ва айни замон барои 500 ҳазор нафар ваксина ворид гардида, баъди ду рӯз иловатан 500 ҳазор воя ворид хоҳад шуд.
Дар ин бора, дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 гузориш доданд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар вилоят 1 млн 812 ҳазор нафар сокинони аз 18 сола боло зиндагӣ доранд ва марҳила ба марҳила ҳамаи онҳо ваксина хоҳанд гирифт.
Бино ба иттилои сомонаи мақомоти вилоят раиси вилоят дастур дод, ки барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ карда шавад.
Бори дигар таъкид карда шуд, ки риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд.