Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 206 526,67 (дусаду шаш ҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст.
Аммо, ишораи “ба суратҳисоб пул ворид нашуд”, ки дар нишасти матбуотии вазорат аз номи муовини аввали вазир Каримзода Ҷамшед садо дод марбут ба ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявие мебошад, ки Вазорати молия барои кӯмак ба онҳо муроҷиат карда буд.
Хотирасон мекунем, ки 6 майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст. Аз ин рӯ, барои роҳ надодан ба қаллобӣ “аз ҷониби давлат суратҳисоби махсус кушода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ба ин суратҳисоб маблағ равон кунанд”.