Ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ доир карда мешаванд.
Ин гуна ярмаркаҳо аз дирӯз оғоз шуда, то оғози соли нави хониш фаъолият мекунанд ва ин иқдом бар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2021-2022 ва дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гузаронида мешавад. Дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ бо пешниҳоди намудҳои муайяншудаи сару либос ва лавозимоти мактабӣ иштирок менамоянд.
Корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон баробари сару либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёҳои лозимаро, ки ба хонандагон дар ҷараёни хониш заруранд, пешниҳод намуданд.
Тавре дар гузориши сомонаи мақомоти шаҳр омадааст, “дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад. Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод карда шудааст”.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни кори ярмарка бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зиёда аз 150 нафар ятимони кулл – таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.