Варзишгарони 17 кишвар ба Душанбе меоянд

Дар шаҳри Душанбе  зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз 17 кишвари ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 7 август доир мешавад, бо ташаббуси Кумитаи кор ба ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегардад. Дар он варзишгарони кишварҳои Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон гузаронида мешавад.

Маросими оғози мусобиқаи мазкур имрӯз, соати 17:00  муайян шудааст.