Дар мавриди таҷовуз ва қатли духтараки ҳаштсола – Руфейда, ки санаи 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бори дигар ҳодисаро маҳкум намуда, қайд намуд, ки “мо ҳамеша омода ҳастем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор дар ҳалли қазияи мазкур саҳми худро гузорем”.
Зимни нишасти матбуотӣ, ҳамчунин вобаста ба арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсия ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад ва бо мақсади дар амал татбиқ гаштани ин муқаррароти конститутсионӣ дар кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардида, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ такмил дода мешавад.
Аммо вобаста ба гузориши баъзе аз ташкилоти байналмиллалӣ дар ин мавзӯъ Умед Бобозода вокуниш карда, гуфт, ки нисбати арзёбии департаменти Амрико аз ҷониби Ваколатдор тариқи васоити ахбори омма вокуниш ҳам нишон дода шудааст ва ҳаминро гуфтаниям, ки сарчашмаҳое, ки онҳо истифода кардаанд, аниқ набуда, ҳатто ғайриқонуниянд. Зеро факту рақами ироагардидаи гузоришҳои онҳо ба омори мо тамоман мувофиқат намекунад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода дарҷ гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда дар муассисаҳои тарбиявӣ ҷойгир карда шудааанд. Дидорбинӣ аз ҷониби наздикону хешовандони онҳо иҷозат дода шудааст ва пас аз муҳлати муайян ҳатман ба наздиконашон баргардонида мешаванд.