Дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 – муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ  шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали  ректори Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Бино ба иттилои манбаъ  дар 6 моҳи соли 2021 донишгоҳ  дар амалӣ гардидани 8 – лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, лоиҳаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон  (GIZ), лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии WTIT «Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ», Маркази байналмилалии тиҷорати  (ITC), фаъолона иштирок намудааст, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома доранд. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар мувофиқа бо созишномаҳаи байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ва донишгоҳҳои шарики барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барномаи табодули академии Erasmus+ KA107,  лоиҳаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон  (GIZ) ва инчунин бурсияҳои давлатӣ    ҳамкорӣ амалӣ карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳ дар соли 2021 стипендияи барномаи Иттиҳоди Аврупо  Erasmus+  KA107 Valladolid барои донишҷӯён ва устодони  донишгоҳ эълон намуда буд,-хабар дод зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали  ректори Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон .

Ба гуфтаи  Маҳмуд Тошматов аз он ҷумла  дар зинаи бакалавриат 8 нафар, дар зинаи магистратура 2-нафар ва дар зинаи докторантура (PhD) -2 нафар тариқи онлайн  дар озмун иштирок намуданд.  Боиси ифтихор  аст, ки 1 нафар донишҷӯй ва 2 нафар кормандону устодони донишгоҳ, дар озмуни мазкур барои таҳсил ва татқиқот дар Донишгоҳи Валядолиди Шоҳигарии Испания дар доираи барномаи табодулии Эразмус+ КА107  ба муҳлати 5 моҳ  пирӯзӣ  ба даст оварданд ва моҳи сентябри соли 2021 ба таҳсил фиристода мешаванд.

Машраби Холмаҳмад

радиои Тоҷикистон