Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Каримҷон Салимзода ба хабар дода, менависад, ки соли равон бо мусоидати оид ба муҳоҷират зиёда аз 10 миллион маблағи қарзи музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт карда шудааст.
— Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 88 нафар барои баргардонидани маблағи қарзи музди маошашон — 14544681,00 рубли русӣ муодил ба 2181702,00 сомонӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ 10950272, 00 рубли русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст. Намояндагӣ барои пардохти бақияи маблағи зикршуда ба шаҳрвандони мо, ки 3594409,00 рубли русӣ, яъне 24,7% -ро ташкил медиҳад, бо мақомоти марбутаи Федератсияи Россия кор бурда истодааст, — афзудааст Каримҷон Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7 (495) 967-98-44 , тел.моб: 8 926 255 0927, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.