Давоми нимсолаи аввали соли 2021 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 142 чорабинии назоратӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 83,2 млн. сомонӣ муайян намудааст.
Ин маълумотро муовини раиси Палатаи ҳисоб дар нишасти матбуотии имрӯза қайд карда, илова намуд, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 19,4 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 7,5 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 763,0 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 2,7 млн. сомонӣ, маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 51,3 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 151 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Дар натиҷаи чораҳои бартарафнамоии камбудию норасоиҳои ошкоргардида аз миқдори дар боло зикргардида, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 39,0 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 16,6 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25,0 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 97 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад”,-зикр кард Аҳмадзода Ф.
Дар нишасти матбуотӣ, инчунин иброз гашт, ки Палатаи ҳисоб дар ин давра созишномаи ҳамкориро бо Мақомотҳои Олии аудити Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расонидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз моҳи марти соли ҷорӣ раёсатии Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил тӯли ду соли минбаъда ба таҳти раёсати Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба зиммаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.