Asia-Plus: Ҷинояткорон аллайҳи ноболиғон ба марг маҳкум шаванд

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин таҳавулоти Тоҷикистон ва ҷаҳон, мисли ташдиди вазъияти амниятии Афғонистон, таҳдиди хушксолӣ ба Осиёи марказӣ, куштори бераҳмони кудаки 8 сола дар ноҳияи Рӯдакӣ, иқдомот дар муқобила бо паҳншавии коронавирус дар кишвар ва  даргузашти ҳунарпешаи марудмии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов таваҷҷуҳ кардаанд.

“Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 июл мақолае бо номи “Ҷайҳун. Чаро ваъдаи мактабсозӣ ҷомаи амал напушид?! чоп карда, аз кашолкорӣ дар бунёди мактаби таҳсилоти миёна дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун интиқод кардааст.

Муаллифи матлаб рӯзноманигор Муҳаммад Саидвалӣ аз қавли масъулини раёсати молия ва сохтмони асосии вилояти Хатлон навиштааст, ки арзиши лоиҳавии бунёди ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, 21 миллион сомонӣ буда, аброи анҷоми пурраи сохтмон боз беш аз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. 

Дар ҳамин ҳол Абдулвоҳид Саъдуллозода сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар аввал сохтмони мактаб аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд, вале баъдан маблағгузорӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вогузор шуд. Аммо  маблағҳои ҷудогардида аз буҷаи вилоят  барои анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ кифоя нест ва аз ин сабаб, ба истифода додани  маткаб кашол меёбад.

Дар баробари ин ба гуфтаи муаллиф қарор буд, ки, дар наздикии  МТМУ № 1 боз мактаби дигар барои 1200 хонанда бояд бунёд гардад, вале сохтмони он низ тӯл кашид. Агар ин мактабҳо дар муҳлати муқарраргардида бунёд мешуданд, масъалаи норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон дар ноҳияи Ҷайҳун то андозае ҳалли худро меёфт. 

Нашрияи  “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бар зарурати таъмири пурраи пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Рашт таъкид кардааст. Муаллиф менависад, ки дар ноҳияи Рашт  9 пойгоҳи обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ мавҷуд буда, 17 агрегату насосҳои обкашонӣ фаъолияти онҳоро ба низом медарорад. Дар айни ҳол 3 адади он эҳтиёҷ ба таъмиру барқарорсозӣ дошта, дар сурати мувофиқи матлаб барқарор гардиданашон 313 гектар замин бо оби полизӣ таъмин мегардад.

Ба гуфтаи муаллиф дар ноҳияи Рашт  ба воситаи 9 пойгоҳу 14 канал 3339 гектар замин обёрӣ мешавад, аммо имрӯз ба иллати мушкилоти мавҷуда 1123 гектар аз заминҳо бе об мондаанд.

“Садои мардум”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 6 июл дар мақолаи таҳлилие хатари хушксолӣ барои Осиёи марказиро баррасӣ карда, бо такя ба маълумоти СММ навиштааст, ки дар сурати идома ёфтани раванди гармшавии сайёра қариб 130 кишвар дар асри XXI аз хушксолӣ осеб хоҳанд дид. Бисту се кишвари дигар бо сабаби афзоиши аҳолӣ бо норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ба анвишати муаллиф соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон низ зарари хушксолиро эҳсос карда, боришоти кам боиси дар заминҳои лалмӣ бармаҳал хушк шудани алаф гардид. Аз ин рӯ, ҳоло нархи як дарза (пресс) коҳ 18-20 сомонӣ ва беда 24-27 сомониро ташкил медиҳад, ки арзиши аслии гӯшту ширро баланд бардошта, боиси болоравии нархҳо мегардад.

Барои ҳалли ин мушкилот муаллиф масъалаи бо роҳи сунъӣ овардани боронро  ба миён гузошта шуда, дар ин замина ба таҷрибаи чунин кор дар Амороти муттаҳидаи арабӣ ишора кардааст. Ба таъкиди муаллиф хуб мебуд агар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо муҳаққиқони Аморот дар ин самт ҳамкорӣ намуда, дар доираи ҳамкорӣ имкони «даъват» кардани боронҳои сунъӣ фароҳам ояд.

Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигари ин шумораи хеш, аз вазъияти ногувори варзишгоҳи марказии ноҳияи Шҳаринав изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи муаллиф сохтмони ин иншооти вразишӣ ҳанӯз соли 1999 оғоз шуда то кунун ба итмом нарасидааст.

Дар ҳоле ки ба таъкиди муаллиф варзишгоҳи марказии ноҳия тақрибан 300 — 350 метр дуртар аз бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қомат афрохтааст. Муаллиф дар хулоса навиштааст, ки роҳбарони ноҳияи Шаҳринав дар тӯли 22 сол натавонистанд сохтмон ин иншоотрро ба итмом расонанд ва  суол ба миён меояд, ки наход то он ҳад буҷети маҳаллӣ касод бошад, ки ақаллан варзишгоҳи марказии ноҳияро бо курсӣ таъмин карда натавонанд?

“Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 7 июл ба  куштори ваҳшиёнаи духтарчаи 8 сола дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ин ҳодисаи марудми кишварро такон дода, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот қотеъона талаб дорад доранд, ки барои чунин ҷинояткорон ҳукми қатл дода шавад. Зеро аксария ба ин заранд, ки набудани ин ҳукми ҷазо боиси афзудани чунин ҷиноятҳои сангин дар ҷомеаи кишвар шудааст.

“Asia-Plus”

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus”  низ дар шумораи рӯзи 8 июл ба ин ҳодисаи даҳшатбор таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ки баъди муроҷеати ҷомеаи шаҳрвандӣ Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе тафтиши ин парванди ҷиноиро бевосита таҳти назорат гирифтааст.

Нашрия аз қавли дафтари матуботии Маҷлиси миллӣ навиштааст, ки Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур Прокуратураи генералии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

“Ҷаҳони паём”

“Ҷаҳони паём” нашрияи Кумитаи телевизион ва радио дар мақолае ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро журналистикаи шаҳрвандӣ аз журналистикаи ҳирфаӣ  пештозтар аст?

Далери Имомалӣ рӯзноманигори радиои “Ватан” гуфтааст, сабаби асосии пештозии журналистикаи шаҳрвандӣ он аст, ки ин гурӯҳ пойбанди кадом қоида ва этикаи журналистика набуда, дилхоҳ матлаб ва маълумоти доштаашонро нашр мекунанд. Дар ҳоле ки рӯзноманигори ҳирфаӣ бидуни тайиди хабар аз сӯи манбаҳои муътамад ва риояи усули бетарафӣ, даст ба нашри маълумот намезанад.

Аз сӯи дигар Саидэҳсон Солиев рӯзноманигори радиои “Имрӯз” гуфтааст, ки пештозии журналистикаи шаҳрвандӣ дар баробари журналистикаи ҳирфаӣ ба дарку фаҳми мухотабон бастагӣ дорад. Яъне афроде, ки ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, зуд ба валвала ва воҳимаи блогерон дода мешаванд. Ба хулосаи муаллиф рушди босуръати фановариҳои иттилоотӣ тақозои онро дорад, ки журналистикаи ҳирфаӣ низ ҳамқадами замон буда, дар расонидани саривақтии хабару иттилооти дақиқ ба ҷомеа кутоҳӣ накунад.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои Тоҷикистон