Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре дар сомонаи вазорат хабар додааст, ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созомонҳои байналмилалӣ ва минатқавӣ табодули афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки бори охир вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бино ба даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 20-21 майи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд.
Дар доираи ин сафари расмӣ Ван Иро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд ва мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии баргузор гардид.