Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигарро тасдиқ намуд.
Тибқи ин санад, ки ба дасти Радиои Тоҷикистон расид, нишастҳои матбуотӣ аз 12 июл оғоз шуда, то 3 июн идома меёбанд. Нишастҳои матбуотии имсола аз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати адлия, Хадамоти алоқа ва Вазорати кишоварзию Академияи илмҳои кишоварзӣ оғоз шуда, бо нишастҳои матбуотии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба анҷом мерасанд.
Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илм низ Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудааст, ки бо нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар санаи 12 июл оғоз мегарданд ва то 29 июн идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегирад. Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввали мақомоту идораҳо аз натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот дода, оид ба мушкилоти мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо маълумот пешниҳод мекунанд.
Намояндагони ВАО имконият доранд, ки бевосита ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат карда, ба саволу пурсишҳои худ ҷавоб гиранд.
Хотирасон, мекунем, ки Радиои Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳоро ба таври мустақим инъикос хоҳад кард. Аз ин рӯ тавсия медиҳем, ки саҳифаи радиоро пайгирӣ намоед. Ҳамчунин, хабару гузоришҳоро дар мавҷи 104.7 fm гуш карда, дар саҳифаи Ютуби мо дида метавонед.