ВИДЕО.Қасди худкушии ду ҷавон дар Варзоб

Ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд,  ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ин мақсади онҳо ба раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар додаанду дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, бо онҳо як суҳбати фосилавии равонӣ роҳандозӣ кардаанд. Бо ин васила, онҳоро аз қасди ба ҷонашон боздоранда, барои идомаи суҳбат ҷиҳати муайян кардани сабаби қасди худкушӣ ба мақомоти милитсия супурданд.