99,2% кӯдакон ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд

Дар даври якуми Рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 1 285 099 нафар кӯдакон ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд, ки он 99,2%-ро ташкил медиҳад.

Иммунизатсия бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 6 сола ва нигоҳ доштани мавқеъи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ шурӯъ аз 31 майи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ даври якуми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ оғоз гардид, ки он то санаи 5 июн идома ёфт. Барои ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон, ба ҷумҳурӣ 4 630 000 вояи ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷ (нОПВ2), ки истеҳсолкунандааш давлати Индонезия «PT BioFarma (Persero)» мебошад, дастрас карда шуд.

Тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ менависад, дар умум, даври якуми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, даври дуюми он аз 28 июн то 3 июли соли 2021  ҷараён гирифт. Дар даври дуюм кӯдакони синну соли таваллуди аз 1 январи соли 2016 то 30 июни соли 2021 ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд; кӯдаконе, ки аз 1 июл то анҷоми чорабинӣ таваллуд мешаванд, инчунин ба гурӯҳи мақсаднок дохил карда мешаванд.

Ду вояи ваксина зидди бемории фалаҷ ҳимояи пурраи кӯдаконро аз бемории фалаҷ таъмин мекунанд.