Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни нишасту суханрониҳо доир ба вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Аз ҷумла дар доираи сафари расмии корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соли ҷорӣ Пешвои миллат бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутасаддиёни арсаи кишоварзии мамлакатро муваззаф карданд, ки ҳангоми кишти такрорӣ аз замин самаранок истифода баранд.
Дар ҳамин ҳол коршиносони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо пахши як иттилоия ҷомиаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки бемории сироятии КОВИД-19 ва офоти табиӣ хавфҳои харобиовари низоми ҷаҳонии озуқавориро афзоиш дод ва соли 2021 тақрибан 41 миллион нуфуси сайёра дар вартаи гуруснагӣ қарор хоҳад гирифт.
Албатта ин ҳушдор моро водор мекунад, ки ба хотири дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода барем.
Шарофиддин Кароматов-директори Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар замони тағйирёбии иқлим ҳангоми кишт кишоварзон бояд аз навъҳои маҳаллӣ истифода баранд.
Воқеан ҳам интихоби тухмӣ ҳангоми кишт барои ба даст овардани ҳосили баланд омили муҳим аст. Агар сифат ва навъи тухмӣ ба талабот ҷавобгў набошад, деҳқон зарари ҷиддӣ мебинад. Фарҳод Қосимов аз Иниститути зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ истифодаи навъҳои ба минтақа хосро барои соҳа нофеъ медонад.
Ҳамсуҳбати дигари мо Ёқубҷон Уроқов аз Маркази миллии захираҳои генетики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ҳангоми кишти такрорӣ истифодаи навъҳои зироати лӯбиёдонагӣ ва шолиро бамаврид медонад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, зироати лӯбиёгӣ хусусияти хоси худро дошта, ҳолати мелеоративии заминро беҳ мегардонад ва ҳамзамон истеъмоли он барои саломатӣ муфид аст.
Дар шароити кунунӣ, ки бемории сироятии КОВИД_19 ва тағйирёбии иқлим як қатор мамоликро ба мушкилоти ғизоӣ мувоҷҷеҳ намудааст, истифодаи самараноки замин чӣ дар кишти асосӣ ва ё кишти такрорӣ, инчунин интихоби тухмиву риояи агротехникаи парвариш дар ҳама фасли сол барои фаровонии бозори истеъмолии мамлакат мусоидат мекунад. Мо дар ин самт ба барзгарони мамлакат хирмани пурбор таманно дорем.
Муродулло Раҳимов,
радиои Тоҷикистон