10 декабри соли 2025 зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз – номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо хушнудӣ ёдовар шуданд.
Сарвари давлат дар идома хотирнишон намуданд, ки як қатор ойину суннатҳои дигари наврӯзӣ, аз қабили «Сездаҳбадари Наврӯз», «Дастархони наврӯзӣ – ҳафтсину ҳафтшин», «Базми ҷамшедӣ», бозиҳои варзишии хоси наврӯзӣ ва монанди инҳо низ ҳамчун мероси тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла миллати тоҷик арзиши ҷаҳонӣ доранд.
«Ба ин хотир, вазифаи мост, ки ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем, арзишҳояшро омӯзем, густариш диҳем ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузорем», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Бознашр аз АМИТ «Ховар»
