Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат тантанаҳои идона бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ роҳбари гурӯҳи корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” Асозода Маҳмадумар Шамсулло, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, собиқ раисони шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ чун анъана сокинони меҳнаткаши шаҳр бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд. Баъдан, намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳр, анъанаҳои неки Наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Зимни ҷамомади тантанавӣ, иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Тавре аз Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ шаҳри Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинии идона гуфта шуд, Наврӯз ҳамчун Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад”. Бино ба иттилоъи манбаъ дар чорабинӣ Мирзо Исмоилзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони шаҳрро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад. Ба ифтихори Ҷашни Наврӯз аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
