Дар Душанбе масъалаи омодасозии кадрҳои коргари ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи кории сарпарастони муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вакилони парламент, роҳбарони сохторҳои марказӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Тавре хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Моҳираи Иброҳим аз рафти ҷаласа иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории он иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 дар робита ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

Аснои баромад Ширин Амонзода қайд  намуд, ки дар литсейҳои касбии техникии ҷумҳурӣ 22 ҳазору 401 хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 4 ҳазору 354 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 22 ҳазору 491 хонанда 19 ҳазору  809 нафар  дар  гурӯҳҳои буҷавӣ ва 2 ҳазору 682 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил доранд.

Зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии кишвар айни ҳол 176 нафар  хонандаи маъюб, 84 хонандаи  ятими кулл ва 1104 нафар нимятим таҳсил карда истодаанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат ва муассисаҳои таълимӣ қарор дорад. Хонандагон бо хӯроки гарми яквақта ва ятимони кулл се вақт бо хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мебошанд.

Тавре Муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён дар рафти конфронс иброз доштанд, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҷиҳати омодасозии кадрҳои коргари ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат сарпарастон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки барои фароҳам овардани шароити хубтар дар муассисаҳои таълимии мазкур, аз кабили сохтани парки автомобилӣ, устохонаҳои челонгарӣ, кафшергарӣ, маркази таъмир ва ташхиси автомобил ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, харидории таҷҳизоти таълимӣ вобаста ба ихтисосҳо, мизу курсӣ барои синфхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ чораандешӣ намоянд.

Манбаъ: vot.tj