Тиллобердиев А., бо сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати холааш, мехост ӯро бо зарбаи табар ба ҳалокат расонад.
Тавре маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи қазия навиштааст, сабаби хусумати Тиллобердиев А. нисбати холааш – Юлдошева Р. тақсими маблағи фурӯши хонаи аз модаркалонашон меросмонда буда, бо ин сабаб ӯ шаби 10 ба 11 январи соли 2021 ба манзили истиқоматии Юлдошева Р. рафта, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматияшон мешавад.
Баъдан, ба рӯяш ниқоб кашида, ба ҳуҷраи хоби соҳибони хона даромада, аз ҳолати хоб будани Юлдошева Р. ва шавҳараш истифода бурда, бо табари қаблан бо худ гирифтааш 4 маротиба ба сари Юлдошева Р. мезанад. Аз доду фиғони Юлдошева шавҳараш Пиримқулов Т. бедор шуда, мехоҳад сади роҳи ҷинояткор шавад, аммо Тилобердиев А. 4 маротибаи дигар ба сари шавҳари холааш зада, ба онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Тавре манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, дигар аъзои оила аз ин вазъият хабардор шуда, пеши роҳи ҷинояти барқасдонаи Тиллобердиев А.-ро мегиранд. Ҳамин тавр, бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 29 апрели соли 2021 Тилобердиев А.Ғ. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е” ва 147 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои ниҳоӣ ба мухдати 16 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.