Тоҷикистон аз заминҳои худ даст нахоҳад кашид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон дар як суҳбати телефонӣ вазъияти душвореро, ки 28-29 апрели 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омад, баррасӣ карданд.

Тавре сомонаи ВКХ менависад, вазирон бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид карда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, қайд карданд. Гуфта шуд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 28-29 апрели соли ҷорӣ миёни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша сар зад. Дар аввалин изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гуфта шуд, ки дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.

Дар изҳороти баъдии ин марказ омадааст, ки 29 апрели соли 2021, соати соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии “Головной”-ро ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр, баъд аз авҷ гирифтани даргириҳо бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ таъсис ёфта, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ гарданд. Ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъият чора андешанд. Гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи муътадил баҳри раванди музокироти судманд  барои ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Дар худи ҳозир бар асоси иттилои расонаҳои кишвар, вазъ дар марз ва минтақаҳои аҳолинишини марзӣ ором арзёбӣ мешавад.