Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафар карда, бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати корӣ доир намуд.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶҚ таъсис ёфта, даргириҳои мусаллаҳона қатъ гарданд.
Ба иттилои сомонаи мақомоти вилоят, оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд. Раиси вилоят дар ин машварат қайд намудааст, ки барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом дода шудааст ва ин мушкил низ ҳал мегардад. Аҳмадзода аз аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиёро аз даст надиҳанд.
Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд ҳамчунин аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт.
“Зимни аёдат таъкид кард, ки бо супориши махсуси Президенти мамлакат барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад. Барои табобати пурраи беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон бо хӯроки гарму дигар лавозимот таъмин карда шудаанд”-омадааст дар хабари манбаъ.