Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб кардааст, то барои гӯё барқарор намудани корти муҳоҷиратӣ ба миёнаравҳову қаллобон бовар накунанд.
Дар саҳифаи фейсбукии сафорат омадааст, ки баъд аз тамдиди бақайдгирӣ, яъне авф гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии муҳоҷирони меҳнатӣ (амнистия) шикоят шудааст, ки як зумра шахсони манфиатдор, миёнаравҳо ва қаллобон аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандон барои гӯё барқарор намудани корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) ва бақайдгирӣ (регистрация) маблағҳои зиёд талаб кардаанд. Аз ин рӯ, Сафорати Тоҷикистон дар Россия даъват ба амал овардааст, ки муҳоҷирон танҳо аз манбаъҳои расмӣ, яъне аз Сафорати (Хадамоти консулии) Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Россия маълумот гиранд ва мустақилона ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба шаҳрвандоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Россия содир шудааст (запрет въезда) ва онҳо ному насаби худро иваз карда омадаанд, чунин авф (амнистия) ба онҳо дахл надорад. Ба чунин шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ба Тоҷикистон сафар намуда, то ба охир расидани муҳлати қарор дар бораи манъи воридшавӣ ба Россия мунтазир бимонанд.
Манбаъ бори дигар хотирасон мекунад, ки агар шаҳрвандон то 15 июни соли 2021 ҳолати иқомати (будубоши) худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият надароранд, яъне қонунӣ накунанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия ба таври мустақимона (автоматӣ) ба рӯйхати шахсоне шомил карда мешаванд, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст. Чунин шаҳрвандон дар ҳолати гузаронидани тафтишҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои солҳои тулонӣ аз Федератсияи Россия хориҷ карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё ин ки барои маслиҳат, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои телефонӣ ё почтаи электронии зерини Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар тамос шаванд:
Тел: +79857400212 +79660732030 +79670260070
E-mail: consulate@tajembassy.ru