Дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд қулфинайҳои пӯсида ва ба талабот ҷавобгӯ набударо мусодира карданд.
Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд менависад, ки ин иқдом аз тарафи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Озмоишгоҳи назди ҳамин бозор рӯйи даст гирифта шуда, дар рафти назорати сифати маҳсулотҳои озуқавории бозори Панҷшанбе зиёда аз 400 килограм қулфинайи пӯсидаи ба талабот ҷавобгӯ намбуда ва ба саломатии инсон хатарнокро дарёфту мусодира ва нобуд карданд.
Манбаъ ба маълумоти истеъмолкунандагон мерасонад, ки ҳангоми харидорӣ намудани маҳсулоти озуқаворӣ аввалан ба сифати маҳсулот аҳамият диҳанд ва ҳуҷҷатҳои сифати маҳсулотро талаб намоянд.
Дар ҳолати ба назар расидани маҳсулоти пастсифат ба телефони боварии Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд (44) 630 30 98 дар тамос шавед.