Як сокини ноҳияи Файзобод бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ва ба даст овардани молу мулк собиқ ҳамсараш ӯро ба талу теппаҳо бурда, қасдан ба ҳалокат расонидааст.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи хабар афзудааст, ки “Зоиров А.Г. дар ҳолати ретсидиви ҷиноят рӯзи 12 декабри соли 2020 ҳамсараш Қурбонзода Т.Б.-ро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст”.
Ба иттилои манбаъ, гумонбар аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо руймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст. Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни собиқ ҳамсараш маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллой бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилии арзишаш 150 сомониро тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тавр, бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2021 Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 кисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол таъйин карда шуд.
Гуфта мешавад, ки Зоиров А.Г. қаблан се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бори охир бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод аз 13 июни соли 2017 бо модди 244 кисми 2 бандҳои “б”,”в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст.