Имсол таътили баҳорӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати маориф толибилмон то 31 март аз дарсҳо озод буда, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Ба қавли “Ховар” масъулини соҳаи маориф тавсия додаанд, ки дар ин давра падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд. “Хуб мешуд, агар хонандагон дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиа асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд”.
Бод гуфт, ки ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб аз эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ дарак медиҳад.
Дар ин доира, дар таътилҳои гузашта Вазорати маориф ва илми мамлакат ба мактабҳо дар давраи таътил рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насриро барои мутолиа пешниҳод намудааст. Ҳамчунин, дар ин давра дарсҳои иловагӣ, олимпиадаи ноҳиявию вилоятӣ, барномаҳои илмию адабӣ, китобхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон баргузор гардида истодаанд.