Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони «Дӯстӣ» дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ табақи суманак қомат афрохтааст, ки 30 метр баландӣ ва 16 метр паҳноӣ дорад.
Ин рамзи арчашакл аз ҳафт табақи даврамонанд иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки рамзи мазкур аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон омода шудааст ва он соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ дониста шуд.
Тавре дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, суманак ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Дар майдони «Дӯстӣ» соли дуюм аст, ки рамзи суманак бо ин баландӣ насб мешавад. Ба ғайр аз ин дар дигар гӯшаву канори мамлакат низ аз ин рамз истифода мебаранд. Масалан, соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ бо баландии 10 метр бо 7 қабат ороста шуд. Имсол дар шаҳри Истаравшан низ табақи сабзаи суманак қомат афрохт, ки баландии он 11 метр аст.
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ ва дигар манотиқ имсол дар майдони «Дӯстӣ» дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр ороста шудааст ва он, тибқи анъанаи асосӣ ва қадимаи ҷашни Наврӯз, аз «ҳафт син» ва «ҳафт шин» иборат аст.
Тибқи мушоҳидаҳо дар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб гардидаааст. Навгонии дигар ин девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус, имсол ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гузаронидани консертҳои алоҳидаву ҳаҷман хурд ва мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин сайругашти идона бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдотию санитарӣ иҷозат дода шудааст. Вале имсол Наврӯз дар Тоҷикистон бе намоишҳои анъанавии калонҳаҷми театрикунонидашуда таҷлил мегардад.
Неъмат Саалимзода, аз майдони Дӯстӣ барои радиои Тоҷикистон