Бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории аҳолии кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом ва аз ҳама муҳим, ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин табиат ва иқлими кишвар имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи оқилонаи замин рӯзгорамонро сафо бахшем. Гузашта аз ин кишоварзони асил низ боварӣ доранд, ки агар марди деҳқон ин хоки муқаддасро самаранок истифода намояд, замин одамиро ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад. Бо дарки ҳамин маънӣ ҳамасола кишоварзон баробари фаро расидани мавсими кишту кор сертараддуд мегарданд.
Барои рӯёнидани ҳосили баланду хирмани пурбор, марди деҳқонро мебояд, ки аз аввали мавсим талош намояд. Қурбоналӣ Партоев- доктори илмҳои кишоварзӣ зимни сӯҳбат мегӯяд, ки «ба хотири ҳосили баланд гирифтан пеш аз ҳама ба коркарди агротехникӣ аҳамият диҳанд, чун ин шабу рӯз барои нурӣ додани зироати ғалладонагӣ мувофиқ аст, ҳатман ҳамин чорабиниро саривақт гузаронанд».
Бино ба ҳушдори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳори имсола нисбатан сербориш хоҳад омад, табиист, ки борони аз ҳад зиёд ба соҳаи кишоварзӣ бетаъсир нахоҳад монд. «Дар ин давра зироати ғалладонагиро касалии зангор фаро мегирад-мегӯяд ҳамкаломи мо Қурбоналӣ Партоев-барои аз байн бурдан ва ё пешгирӣ кардан аз он хуб мешавад, ки деҳқонон дар баробари пошидани заҳрхимикатҳо рӯ ба нуридиҳии иловагӣ оранд».
Барои баланд бардоштани ҳосилдории зироати гуногуни хоҷагии қишлоқ алалхусус картошка ва дигар зироат дар давраи нашъу намо додани микронуриҳо аҳамияти калон дорад. Коршиносон муайян карданд, ки танқисии микроэлементҳо дар таркиби растаниҳо сабаби паст гаштани сабзишу инкишоф ва бад гаштани сифати ҳосилнокӣ мегардад. Қурбоналӣ Партоев- доктори илмҳои кишоварзӣ боназардошти ҳамин омил додани нируҳоро ба зироати кишоварзӣ тавсия медиҳад.
Ин ҳамсуҳбати мо боварии қатъӣ дорад, ки агар барзгар ба хотири ҳосили баланд гирифтан дар баробари коркарди агротехникии зироат пеш аз кишт ба сифати тухмӣ аҳамият диҳад ҳатман ҳосили хуб ба даст меорад.
Дар ҳамин ҳол коршинос Некрӯз Ализода аз Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки навъҳои маҳаллӣ ба ҳаргуна шароит, аз ҷумла гармшавии иқлим устувор буда, нисбат ба навъҳои селексионӣ бартарӣ доранд.
Афзун гардондани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар баробари дигар омилҳо барои таъмини амнияти озукаворӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Гузашта аз ин тибқи иттилои коршиносон аз чор як ҳиссаи мачмуи махсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа рабт дорад.
Дар хамин хол ёдрас мешавем, ки аз рӯи омори расмӣ 93 дарсади масохати кишвари мо-Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳад ва масоҳати умумии майдони киштшаванда бошад, дар доираи 720 – 750 ҳазор гектар мебошад. Аз ин рӯ истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам ба манфиати кор хоҳад буд.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»