Сафари намояндагони “Роспотребнадзор” кай ҷамъбаст мешавад?

Мутахассисони кишвари Россия ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Ин сафар дар доираи татбиқи иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, зимни вохурии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода бо Кедрова Олга Викторовна, Шарова Ирина Николаевна, Марсоха Кирилл Сергеевич, намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор”  ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Тавре ки сомонаи Вазорати тандурустӣ менависад, сафари кории намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” дар Тоҷикистон то 19 марти соли равон дар назар буда, дар ин муддат онҳо аз як қатор озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ба амал хоҳанд овард.

Дар ҳамин ҳол, “Спутник” бо такя ба сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки ин сафари ҳайати Русия имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *