Бунёди корхона бо 200 ҷойи корӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода додани корхонаи саноатӣ дар шаҳри Душанберо бо сармоягузории умумии 5,0 млн. доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ин хотир, миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» маросими баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ доир гашт.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тоҷикгидроэлектромонтаж» баста шуда, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани корхонаи саноатӣ дар шаҳри Душанберо бо сармоягузории умумии 5,0 млн. доллари амрикоӣ ба нақша гирифтааст.

Тибқи нақша корхонаи мазкур дар майдони 7 гектар сохта шуда, дар корхонаи мазкур зиёда аз 200 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

“Татбиқи лоиҳаи мазкур ба амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми стратегӣ дар самти саноатикунонии кишвар мутобиқ мебошад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *