Дар брифинги матбуотӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср доир ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилоъ дода шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ барои расонаҳои мисрӣ брифинги матбуотӣ ороста, доир ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилои муфассал дод.
Тавре ки ВКХ хабар додааст, изҳори бовар карда шуд, ки раёсати кишвари мо дар СҲШ босамар хоҳад буд, ба хусус дар самти таҳкиму тақвияти амну суботи минтақавӣ ва пешрафту шукуфоӣ. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ мудом аз афкори сулҳоварӣ ва тарғибу ташвиқи роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, хосатан дар Афғонистон пуштибонӣ намуда, тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки 15 январи 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯнамоии авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 ва чорабиниҳое, ки дар давраи раёсати кишвар дар Созмон ба нақша гирифта шудаанд, баргузор гардид.
Дар рафти брифинг ба намояндагони ВАО ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои узв, рушди минбаъдаи «руҳияи Шанхай», ҳифзи сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва мавқеъгирии байналмилалии СҲШ равона шудаанд, муаррифӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баргузории беш аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Раёсати кишвар бо баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ (саммит) 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе хотима меёбад.