Варзишгарони тоҷик ба Ӯзбекистон мераванд

Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» аз Тоҷикистонро дар он  13 варзишгар иштирок хоҳанд кард.

Ин мусобиқа 5-7  март  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад ва дар он Қаюмзода Абумуслим -60кг, Суфиев Баҳром -66кг, Сафаралиев Алиҷон – 66кг, — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар -81кг, Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Раҳмон Мансур -100кг, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон як нафар- Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг) – ҳунарнамоӣ менамояд.

Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ки ба шореҳи варзиши “Ховар” гуфтааст, дар  рӯзи аввали мусобиқа – 5  март  қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Ба иттилои манбаъ, барои ширкат дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021» то ҳоло иштироки 547 варзишгар (317 мард ва 230 зан) аз 78 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

“Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд”, – омадааст дар “Ховар”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *