Дар соли ҷорӣ дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда фаъолият хоҳад кард ва бақайдгирии довталабон аз 1 март оғоз меёбад.
Дар ин хусус сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо нашрияи «Ҳақиқати Суғд» хабар дода, илова кардааст, ки тибқи талаботи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо дар 25 шаҳри дигар, яъне дар он минтақаҳое, ки нуқтаи доимамалкунандаи бақайдгирӣ мавҷуд нест, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр, ба мӯҳлати як ҳафта ду ҳафта таъсис дода мешавад, яъне агар дар умум гирем, соли 2021 дар 59 шаҳру ноҳия 65 нуқтаи бақайдгирӣ таъсис дода мешавад. Нуқтаи сайёр асосан дар навоҳии дурдаст таъсис дода мешаванд, масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ба эътибор гирифтани дурии роҳ давоми ду ҳафта нуқтаи сайёри бақайдгирӣ фаъолият хоҳад кард.
«Имсол як навгонии дигар ба низом дохил шудааст, яъне супоридани маблағ аз тарафи довталаб тариқи электронӣ низ ба роҳ монда мешавад ва довталаб пас аз супоридани маблағ дар дилхоҳ марказҳои хизматрасонии «Амонатбонк» рақами расид (на худи расид!)-ро ба мо пешниҳод мекунад, ки аз 8 рақам иборат аст», – гуфтааст сардори раёсати ММТ.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ қайд намуда буд, ки шумораи умумии довталабони дар ду марҳалаи асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2020 дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ номнависшуда 100 398 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба ҳамин соли 2019 5624 нафар, яъне 5,93 фоиз зиёд буданд.