Таъсир ва ибратҳои COVID-19 ба сиёсати ҷаҳонӣ

Шароити вобаста ба пандемияи Ковид 19 ҷаҳони имрӯзаро дигар намуда, боиси тағйири куллӣ дар дарозмуддат мегардад. Вазъи имрӯза нишон дод, ки тамаддуни инсонӣ нисбат ба таҳдиду хатарҳои нав ва ғайри қобили пешбинӣ омода нест. Кишварҳо, новобаста аз сатҳи рушди худ имкони пешгирии COVID-19-ро надоштанд, вале бо мудирияти дурусти вазъ таъсири манфии онро коҳиш доданд. Таҷрибаи мазкур нишон дод, ки таҳдидҳои ғайри қобили пешбинӣ ва оҷиз будан дар назди онҳо тақозои фаъолияти боз ҳам густурдаи илмию тадқиқотиро дар самти таҳдидшиносӣ дорад. Маҳз бо рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими илму тадқиқот ва таҳлил дар дарозмуддат имкони пешгирии таҳдиду хатарҳо пайдо мешавад. Пандемияи Ковид 19 боис гардид, ки сиёсати ҷаҳонӣ таъсири амиқ бинад ва мӯҳтавои он низ дигар шавад. Имрӯз дипломатияи иттилоотӣ аҳамияти дигарро касб намуда, дар таҷрибаи байналмиллалӣ васеъ истифода мешавад. Таҷрибаи анъанавии мулоқоту гуфтушуниди масъулони баландмақоми давлатӣ хусусияти онлайнӣ гирифта, дидори рӯ ба рӯ тақрибан ба назар намерасад.

Дар хусуси таъсири пандемияи COVID – 19 ба муносибатҳои байналмилалӣ Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос ва шореҳи сиёсии радиои Тоҷикистон бо сиёсатшиноси ҷавони тоҷик Баҳрӣ Хуршед аз шаҳри Маскав суҳбати фосилавӣ аз тариқи интернет анҷом дод.

 

Шералӣ Ризоён: Вазъи ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки масъалаҳои марбут ба таҳдиду хатарҳо ба таври кушод таҳлилу баррасӣ шаванд ва тавре Шумо огаҳӣ доред, имруз дар ҷаҳон пандемия таъсири бисёр амиқ расонида истодааст ва мо тасмим гирифтем дар ин масъала як суҳбати ихтисосӣ оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва масъалаҳои рабтдошта ба таҳдиду хатарҳои анъанавию ғайрианъанавӣ сӯҳбате анҷом диҳем. Бо назардошти ин ки таҳлулу баррасии равандҳои имрӯза то андозае мушкил аст ва ҳамзамон будани нишондиҳандаҳои мухталиф ин шароитро осон мекунанд. Бо саволи нахустин аз ҳамсӯҳбати худ пурсиданӣ ҳастем, ки то кадом андоза имрӯз ҷаҳони муосир ба таҳдиду хатарҳои гуногун осебпазир аст?

Баҳрӣ Хуршед: то андозае ҷавоб дар худи саволи Шумо нуҳуфтааст. Ҳамин омили ногаҳонист, ё «фактор неожиданности/неопределённост» мегуянд ба забони русӣ, ки кишварҳоро ғофилгир мекунад. Ҳоло нигоҳ кунед, ним сол қабл магар мо тасаввур мекардем, ки кадом вирусе дунёгир мешавад ва дар қарни 21, қарни технологияҳои бесобиқаву пешрафта ҳамаро ба хонашинӣ маҷбур месозад? Албатта не! Ман аз одамони оддӣ намегуям, ки маъмулан коре ба таҳлили равандҳои ҷаҳониву ояндабинӣ надоранд. Ман аз коршиносону таҳлилгарони касбӣ мегуям, ки корашон сенариясозиву пешгӯии равандҳои ҷаҳонӣ аст. Агар гузоришҳову таҳлилҳои мутахассисонро аз марказҳои таҳлили муътабару маъруфи дунё тайи даҳ соли охир нигоҳ кунем, нишони хосе аз чунин хатаре, чун коронавирус нахоҳед ёфт. Маъмулан терроризм, ҷангҳои иттилоотиву ҷиноятҳои фаромиллӣ, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷангҳои иқтисодӣ, масоили таҳримҳо, масоили муҳити зист, буҳрони муҳоҷират ҳамчун чолишу таҳдид мавриди арзёбӣ ва сенариясозиҳо қарор гирифтанд, агар мо ба ин гузоришҳо нигоҳ кунем. Яъне ҳама аз бомбаву танку тупу мушак метарсиданд, вале намедонистанд, ки хатаре, ки дунёро ба таҳлуқа хоҳад овард, ҳатто бо чашми сар диданӣ нест.

Манзур аз гуфтаҳои боло ин аст, ки он хатарҳову чолишҳое, ки барои мо маълуманд, ҷомеаи ҷаҳонӣ то андозае барои мубориза бо онҳо омода аст ва сенарияҳое ҳам месозад. Вале COVID-19 нишон дод, ки чинин вабову маразҳои ногаҳонӣ ҳарчанд, ки дар тули таърих борҳо иттифоқ афтодаву ҷони миллионҳоро гирифтаанд, тақрибан қобили пешгуӣ нестанд. Яъне ба баъзе чолишҳо ҷаҳони имруза то ҷое омода аст, вале хатарҳои дигар метавонанд моро ғофилгир кунанд. Ҳоло нигоҳ кунед: кишварҳое, ки мо онҳоро абарқудрат мегӯем, ҳатто онҳо ҳам ҳарчанд аз лиҳози фановариҳои ҷадид хеле пешрафта ҳастанд, дар мубориза бар коронавируси нав оҷиз монданд. Мисоли Амрико, кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва барои мо мисоли наздиктарин – Русия, нишон медиҳад, ҷаҳони имруза ҳарчанд, ки ҷаҳони диҷитоливу дорои дастовардҳои бесобиқа дар риштаи тиб ҳаст, дар мубориза бо чунин хатарҳои ногаҳонӣ хело осебпазир аст.

Шералӣ Ризоён: Дар ҷавоби худ Шумо ду нуктаи бисёр муҳимро зикр кардед. Якум, ин қобили пешбинӣ набудани чунин таҳдидҳо ва ҳамзамон оҷиз мондани кишварҳои абарқудрат. Яъне агар мо ин ду масъаларо муттаҳид кунем, Шумо масъалаи қобили пешбини набудани чунин таҳдидҳо ва ҳамзамон оҷиз мондани як қатор давлатҳои пешрафтаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед, ин шароити ба вуқӯъпайваста ба кадом омилҳо иртибот доранд?

Баҳрӣ Хуршед: ба назари ман, омилҳо яктову дуто нестанд, омилҳо зиёданд. Вале мехостам як чизро қайд кунам, ки агар дар байни кишварҳои абарқудрат эътимод вуҷуд медошт, дар муносибат бо ҳамдигар шаффофият нишон медоданд, оқибатҳои паҳншавии коронавируси нав метавонист каме сабуктар бошад. Замоне, ки вирус дар Чин пайдо шуд ва чиноиҳо эътироф карданд, ки бо ин вирус мушкил доранд, ҳамон замон COVID-19 ба абзори рақобатҳои геополитикӣ мубаддал гардид. Чиноиҳо ва Амрикоиҳо бо ҳамдигар “дарафтоданд”, якдигарро сиёҳ ва муттаҳам мекарданд, ки вирусро кӣ сохтаву кӣ натавониста саришта кунад. Яъне манзур аз ин суханон ин аст, ки дар марҳилаи аввал кишварҳои абарқудрат, ки зарфияти технологӣ ва фаннии мубориза бо чунин ваборо доранд, ин потенсиалҳои худро метавонистанд барои сенарияофариҳо, барои пешгӯии оқибатҳои нохуши ин паҳншавии ин вирус сарф мекарданд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кучак, ки аз чунин потенсиал бархурдор нестанд, мебоист кумак мекарданд. Аммо кишварҳои абарқудрат ба ҳамдигар дарафтода, ҳамдигарро сиёҳ мекарданд ва машғули ҷангҳои иттилоотӣ буданд. Ин ҳам яке аз сабабҳоест, ки кишварҳои дигар, кишварҳои кучак, хатари ин вирусро нодида гирифтанд, ки оқибат ба дунёгир шудани коронавирс оварда расонд.

Шералӣ Ризоён:  Шумо таъсири COVID – 19-ро ба равандҳои глобалии имрӯза чӣ хел баҳогузорӣ мекунед? Кадом тамоюлҳо имрӯз ҷараён доранд ва хусусияти чунин таъсир аз чӣ иборат аст?

Баҳрӣ Хуршед: имрузҳо коршиносони марокизи муътабару маъруфи илмию таҳлили дунё болои ин савол ба қавле «майна об мекунанд» ва дар байни мутахассисон ду дидгоҳ ё ду гуруҳ шакл гирифтааст. Онҳое, ки дар арзёбии COVID – 19 ба равандҳои глобалӣ пессимист ҳастанд, яъне эҳсоси ноумедӣ мекунанд ва онҳое, ки хушбинанд, яъне оптимист ҳастанд.

Аз гуруҳи аввал коршиносон бар он ақидаанд, ки коронавируси нав зарба ба худ раванди ҷаҳонишавӣ аст ва дар чаҳони пасоковидӣ давлатҳо бештар инзивоҷӯ мешаванд, яъне бештар сиёсати изолятсионизмро пеш мегиранд ва ҳамгироии минтақавӣ дастболо мешавад, яъне равандҳои интегратсионии минтақавӣ. Албатта, ба назари ман мантиқӣ аст, ки баъди хатми ин бемории дунёгир давлатҳое, ки аз гусастани занҷираҳои фаромарзи таъминоти молу маҳсулот зарар дидаанд, кушиш ба  харҷ хоҳанд дод, то ки истеҳсолоти сарбаста дар ҳудуди худашон бисозанд, яъне худкифо бошанд. Вале даст ёфтан ба як модели комилан сарбаста ба мисоли автаркия дар шароити набудани захоири ашёи хом ё ниёз ба воридоти он хеле сахт ва қариб номумкин ба назар мерасад. Чунки дар дунё давлате нест, ки аз лиҳози захоири табии ва ашёи хом барои рушди саноат ва дигар соҳаҳои истехсолот комилан худкифо бошад.

Ман мехостам ду мисоли дигар биёварам дар мавзуи равандҳои глобалӣ ва таъсири коронавируси нав ба онҳо: яке равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва дигаре раванди демократизатсия, ки ин ду ҳам дар илми сиёсатшиносӣ абарравандҳо ё мегатрендҳо ном гирифтаанд.

Ба андешаи коршиносоне, ки хушбин нестанд ва эҳсоси маъюсӣ мекунанд, COVID-19 тақдири равандҳои ҳамгироиро зери суол мегузорад. Коронавируси нав дар мисоли Иттиҳоди Аврупо, ки барои дигар сохторҳои интегратсионӣ намунаи бориз ба назар мерасид, нишон дод, ки марзҳои боз як категорияи нисбӣ будааст ва дар вазъияти ногаҳонӣ идеяҳои ҳамгироӣ метавонад ба чолиш кашида шаванд. Иттиҳоди Аврупо натавонист ба қабули як стратегияи умумиаврупоии мубориза бо коронавируси нав ноил гардад ва маҷбур шуд, ки индивидуализми давлатҳояшро аз арзишҳои ҳамгироии аврупоӣ боло гузорад. Албатта дар чунин андешаҳо мантиқ вуҷуд дорад, вале ба назари ман COVID-19 як форс-мажор шуд ва ман аз эҳтимол дур медонам, ки он ояндаи равандҳои интегратсиониро дар маҷмуъ ва аз они Иттиҳоди Аврупоро дар ҷузъ зери савол гузорад. Баръакс, коронавируси нав метавонад як таконе шавад ва кишварҳоро ба ҳамгироии бештар водор созад, чунки дар танҳоӣ бо хатару таҳдидҳои муосир чӣ дар олами физикӣ ва чӣ маҷозӣ мубориза бурдан амри маҳол аст.

Акнун дар мавриди раванди демократизатсия ва таъсири коронавируси нав ба он: дар  инҷо мехостам қайд кунам, ки мубориза бо коронавируси нав нишон дод, ки давлатҳо бозингарони калидӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ боқӣ мондаанд. Ҳарчанд олимони мактаби либералии назарияи равобити байналмилал мегуфанд, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, нуфузи бозингарони ғайридавлатӣ бештар ба коста шудани нуфузи давлатҳо оварда мерасонад. Вале давлатҳо нишон доданд, ки қодиранд дар ҳолати зарурӣ хеле зуд ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро маҳдуд намоянд. Бо истифода аз ин фурсат бархе аз кишварҳо назорати фосилавиву рақамиро болои шаҳрвандонашон пурзур карданд. Барои мисол, дар Чин 760-млн одам таҳти чатри чораҳо қарор гирифтанд. Яъне ин равандҳо, ба назари бархе аз коршиносон, дар оянда метавонанд паёмадҳои нохушеро барои ҳуқуқу озодиҳои инсон дошта бошад.

Равандҳои глобалӣ албатта мухталифанд ва мантиқист, ки COVID-19 ба онҳо бетаъсир нахоҳад монд, вале ман бар он ақидаам, ки дар ҷаҳони пасоковидӣ, баъди рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии ин бемории дунёгир, бештари равандҳои глобалӣ ба маҷрои худашон бармегарданд.

Албатта, трендҳои дигаре пайдо хоҳанд шуд, ки симои сиёсати ҷаҳониро барои даҳсолаи оянда муайян хоҳанд кард. Яке аз чунин тамоюлҳо метавонад вусъати рақобати кишварҳо дар майдони набарди таблиғотиву иттилоотӣ бошад, ки мисолҳояшро мо дар байни абарқудратҳо зиёд мушоҳида менамоем. Чунин рақобатҳо ҳарчанд бо истифодаи абзори «нарм» хоҳанд буд, вале метавонанд паёмадҳои дуруште дошта бошад, на танҳо барои кишварҳое, ки бо ҳам рақобат мекунанд, балки барои кишварҳои дигар, барои кишварҳои кучаке, ки дар чунин вазъ маъмулан ба майдони набарди ин кишварҳои ҷоталаб табдил меёбанд.

Шералӣ Ризоён: Оё буҳроне вобаста ба коронавирус ягон таъсире ба равандҳои минтақавии Осиёи Марказӣ мерасонад ва онро Шумо чӣ хел тафсир карда метавонед? Зеро мо имрӯз мебинем, ки кулли давлатҳои минтақа дар назди ин беморӣ осебпазир шудаанд ва худи шароити минтақаи мо низ дар чанд соли охир тамоюлҳои аҷиби интегратсиониро доро буд ва дар паҳнои ё дар канори ҳамин равандҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ Шумо чӣ андеша доред?

Баҳрӣ Хуршед: дар муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чанд соли охир як гармии бесобиқа эҳсос мешуд. Ихтилофоте, ки байни онҳо вуҷуд доштанд, бисёре аз онҳо роҳи ҳалли худро ёфтанд ва як потенсиали хеле хуб барои ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд омад. Бӯҳрони вобаста ба коронавируси нав ба ин равандҳои мусбат таъсири худро, таъсири, мутаасифона, манфии худро хоҳад расонд. Вале ман хушбин ҳастам ва ба он боварам, ки бо рафъи паёмадҳои ногувори COVID-19 кишварҳои минтақа ба вусъати ҳамкориҳо идома хоҳанд дод. Албатта, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бӯҳрони номбурда аз лиҳоҳи иқтисодӣ осон нахоҳад буд; имруз агар бубинем аз лиҳози иқтисодӣ ин кишварҳо алакай ба сахтиҳо дучор омада истодаанд. Таъсири поин омадани арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ, коҳиши ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҷониби Чин, вазъи ногувори муҳоҷирони корӣ дар Русия эҳсос мешавад. Алакай нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварҳо дар ҳоли поин омадан ҳастанд.

Шералӣ Ризоён: Ман инҷо гуфтанӣ ҳастам, ки дар шароити муосир равандҳои Осиёи Марказӣ тамоюлҳои зиёд доранд ва буҳрони вобаста ба  COVID-19 барои худи давлатҳо низ таъсири гуногун мерасонад ва албатта то ҷое таъсири манфӣ. Вале оё ҳамин буҳрон кадом ибратҳоро барои давлатҳои минтақа меофарад? Оё буҳрон худ фурсате барои муттаҳид намудани имкониятҳо, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо нест? Чунки Шумо нигоҳ кунед, ки имруз то андозае ёрии гуногуни кишварҳо ба ҳамдигар мерасонанд ва ҳамчунин шароити се давлат, бахусус Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғисистон, ки теъдоди муайяни шаҳрвандонашон дар ҳудуди Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнати ҳастанд, як навъ вазъияти бисёр ҳасосро ба вуҷуд оварда аст. Зеро таҳдид ва хатар то ҷое ҳам одамон, ҳам ҷомеаҳо ва ҳам давлатҳоро бо ҳамдигар муттаҳид мекунад. Таваҷҷӯҳ барои авлавиятҳои бисёр ҷиддӣ ва қавӣ бештар мешавад ва ин ҳам метавонад барои то як андоза коҳиш додани сатҳи таъсири таҳдидҳо низ сабаб гардад.

Баҳрӣ Хуршед: ба назари Шумо мувофиқ ҳастам. Дар ҳақиқат, ҳам буҳронҳо на танҳо манбаи маҳдудият, балки фароҳамоварандаи имкониятҳову фурсатҳо низ ҳастанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом дарсҳоро метавонанд аз ин буҳрони вобаста ба коронавируси нав ёд бигиранд? Нахуст, буҳрони коронавируси нав нишон дод, ки система ё низоми беҳдошти ин кишварҳо ба талаботи муайян ҷавобгӯ нест. Аз лиҳози дигар, мушкилии кадрҳо, яъне дар бештари ин кишварҳо танқисии кадрҳои хуб эҳсос мешавад ва ин албатта аз мушкилиҳое, ки дар низоми маорифи ин кишварҳо ҷой дорад, манша мегирад. Ин масъалаҳое, ки умумӣ ҳастанд ва дар сатҳи дохили давлатҳо бояд ҳалли худашонро пайдо кунанд.

Дар масъалаи минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ Шумо дуруст қайд кардед, ки буҳронҳо ё рузҳои сахт маъмулан одамон, ҷомеаҳо ва кишварҳоро ба ҳамдигар наздик меоваранд. Ин фикри дуруст аст. Мо дар мисоли ин коронавируси нав мебинем, ки кишварҳои Халиҷи Форс, ки бо Эрон ҳамеша дар хушунат ҳастанд ва муносибатҳои хеле хуб надоранд, бо истифода аз ин фурсат бо пешниҳоди кумакҳои башардустона як сигнале фиристоданд, ки мехоҳанд муносибаташонро беҳтар кунанд. Ҳоло дар мисоли дигар кишварҳо низ инро гуфтан мумкин аст. Дар мисоли Русия бо кишварҳои Аврупо мо низ инро мушоҳида карда метавонем. Дар Осиёи Марказӣ низ, Шумо хеле хуб қайд кардед, мо дидем, ки Узбекистон чӣ гуна ба Тоҷикистон кумаки башардустона расонд. Инчунин дигар кишварҳо, ки ба қадри имконияти худашон дасти кумак дароз карданд. Ин равандҳо моро хушбин месозанд ва нишон медиҳанд, ки кишварҳои минтақа мехоҳанд он тамоюлоти мусбате, ки дар муносибат ва ҳамкории онҳо солҳои охир шакл гирифта буд, ҳифз кунанд. То кадом андоза ин кишварҳо бо ҳамдигар барои рафъи оқибатҳои сахти буҳрони вобаста ба COVID–19 кумак хоҳанд кард, мо инро ҳозир гуфта наметавонем.

Нуктаи дигаре, ки мехостам кайд кунам, ва он дар дискурси таҳлилии рузҳои охир зиёд ба назар мерасад, ин аст, ки бархе аз коршиносон ба он ақидаанд, ки бо истифода аз заифии иқтисодии кишварҳои минтақа, абарқудратҳо – давлатҳое, ки  ҳамеша мехоҳанд дар минтақаи Осиёи Мараказӣ мавқеи худашонро мустаҳкам кунанду нуфузи худро тақвият бидиҳанд, бо расонидани кумакҳои башардустона, кумакҳои иқтисодиву молиявӣ метавонанд кишварҳои минтақаро ба ҷониби худ кашанд. Ин, албатта, метавонад барои ояндаи равандҳои ҳамгироии минтақавӣ як паёмади нохуше дошта бошад.

Шералӣ Ризоён: Ба андешаи Шумо таъсири эҳтимолии COVID-19 ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар марҳилаи имрӯза ва дар дурнамои кутоҳмуддат чӣ гуна мешавад ва кадом нуктаҳоро дар ин самт қайд карда метавонед?

Баҳрӣ Хуршед: албатта бемории дунёгири  COVID-19 барои Тоҷикистон ҳам чолишҳоеро ба думбол хоҳад дошт. Чи тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд карданд, баъди сипари шудани мавсими коронавирус бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, бекорӣ, камбуди ғизо ва болоравии нархҳо вазъият дар ҷаҳон боз ҳам вазнин мешавад. Ин албатта ба Тоҷикистон низ дахл дорад. Шумо дар боло қайд кардед, ки лашкари бузурги муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, аниқтараш бештари онҳо дар Русия кор мекунанд. Иқтисоди Русия, ки дар вазъи пеш аз буҳронӣ қарор дорад, ҳамаи онҳоро наметавонад баъд аз анҷоми карантин бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намояд. Ин пешгуии иқтисоддонҳо ва ҳукуматдорони рус аст. Ин барои дипломатияи тоҷик як чолиш аст, ки чӣ гуна ин масъаларо ҳал кунад.

Чун сиёсати хориҷӣ бо сиёсати дохилӣ робитаи зич дорад, аз ин лиҳоз расидан ба чор ҳадафи стратегӣ, ки Тоҷикистон дар назди худаш гузоштааст, сиёсати хориҷӣ ҳам барои расидан ба ин аҳдоф дар баъзе аспектҳо равона карда шудааст. Дар ин росто метавон гуфт, ки расидан ба ин ҳадафҳо дар кӯтоҳмуддат хеле душвор мегардад. Мушкили дигаре, ки буҳрони вобаста ба  COVID-19 эҷод мекунад, ин норушан мондани тақдири баъзе аз чорабиниҳои байналмилалии Тоҷикистон аст. Барои мисол, моҳи июни ҳамин сол дар Душанбе бояд конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба тадбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” баргузор гардад. Чорабиние, ки барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, барои дипломатияи тоҷик аҳамияти хосеро доро аст, зеро Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои фаъолтарин дар тавсияи ҳамкориҳо дар соҳаи об шинохта шудааст. Ташаббусҳои президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масоили об ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Ин конфронс як силсила аз он конфронсҳои бузург бо иштироки меҳмонони олирутбаи хориҷиву дохилӣ бояд мешуд ва маълумоти дақиқ дар даст надорем, ки ин конфронс лағв мешавад ё ба таъхир меафтад.  Дар шароити кунунӣ, ки марзҳо баста ҳастанд ва хатари COVID-19 руз аз руз зиёдтар мешавад, ин конфронс ё лағв хоҳад шуд, ё ба таъхир хоҳад афтод ё ба таври фосилавӣ, яъне тариқи онлайн баргузор гардад.

Ба назари ман, дар кутоҳмуддат метавон вусъат ёфтани фаъолияти се ҷанбаи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пешгӯи кард: 1)дипломатияи иқтисодӣ, 2) дипломатияи бисёрҷониба ва 3) дипломатияи иттилоотӣ. Ин бахшҳо фаъолтар хоҳанд гашт ва ин мантиқӣ ҳам ҳаст, зеро барои мубориза бо COVID – 19 ва рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии он Тоҷикистон ниёз ба кумакҳои байналмилалӣ дорад ва сухан на танҳо оид ба кумакҳои башардустона меравад, ки онҳо бебозгашт расонида мешаванд. Сухан аз кумакҳое меравад, ки ҳамчун гранту қарз дода мешаванд. Албатта, аз дипломатҳои тоҷик вобаста аст, ки бо кадом шарту шароит онҳоро Тоҷикистон дарёфт мекунад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон на танҳо аз имкониятҳои диплоатияи дуҷониба, ҳамчун аз имкониятҳои дипломатияи бисёрҷониба истифода хоҳад кард. Яъне аз тавонмандиҳову зарфиятҳо созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон дар онҳо аъзо аст.

Шералӣ Ризоён: Ибрати COVID-19 ба сиёсати хориҷии давлатҳои хурд чӣ аст ва дунёи пасоковидӣ барои ин кишварҳо кадом имконият ва чолишҳоро ба вуҷуд меорад?

Баҳрӣ Хуршед: маъмулан дар илми сиёсатшиносӣ ва равобити байналмилал кишварҳои хурд он кишварҳоеро меноманд, ки онҳо аз лиҳози иқтисодӣ осебпазир ҳастанд. Яъне иқтисоди заиф доранд ва ё иқтисоде доранд, ки пойбанди як ё ду соҳа аст. Акнун мо баҳсҳои назариявиро канор мегузорем. Ман се нуктаро мехостам қайд кунам, ки онҳо метавонанд барои кишварҳои хурд, дар сиёсати хориҷии онҳо чолишҳоеро ба бор оваранд.

Нуктаи аввал аз нигоҳи иқтисодӣ. COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон албатта зарбаи сахт мезанад ва нишонаҳои онро мо алакай мебинем. Ба қавли коршиносон, ин бемории дунёгир метавонад буҳрони иқтисодиро ба думбол дошта бошад ва дар сафи пеши зарардидаҳо давлатҳои кӯчак хоҳанд буд. Ҳоло мисолҳо хеле зиёданд. Мо метавонем кишвари Молдивро мисол биёрем, ки маҷмӯи ММД-и ин кишвар то 40 дараҷа аз ҳисоби даромади соҳаи сайёҳӣ шакл мегирад. Ҳоло тасаввур мекунед, ки дар шароити баста будани марзҳо, қатъ шудани рафтуомадҳо ва норушан мондани ояндаи рушди сайёҳӣ, ин кишвар бо чӣ хатарҳои иқтисодиву иҷтимоӣ метавонад рӯ ба рӯ гардад. Чунин вазъияти сахти иқтисодӣ барои кишварҳои кучак чолишҳои сиёсиро низ ба дунбол дорад. дуввум аз нигоҳи геосиёсӣ ё геополитикӣ ва севум аз нигоҳи амниятӣ.

Дуюм, аз нигоҳи геосиёсӣ ё геополитикӣ. Кишварҳои абарқудрат, бозингарони калидии сиёсати ҷаҳонӣ, ки албатта аз зарфитҳои бештари моливу иқтисодӣ бархурдор ҳастанд, онҳо метавонанд бо истифода из ин фишангҳо ва имкониятҳои худашон нуфузашонро дар кишварҳои кучак пурзур намоянд, онҳоро пойбанди лоиаҳаҳо ё проектҳои геополитикии худашан кунанд.

Нуқтаи сеюм, ки он гуфтем дар мавриди амният аст. Ин албатта ҷанбаҳои иҷтимоии паёмадҳои COVID – 19 ҳастанд. Яъне бо бад шудани вазъияти иқтисодӣ ва поин омадани сатҳи зиндагии мардум, кишварҳои кучак метавонанд бо чолишҳои сахти чӣ дохилӣ кишвар, ва чӣ хориҷӣ рӯ ба рӯ гарданд. Яъне гуруҳҳои манфиатдор бо истифода аз вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ метавонанд, ки суботи ҷомеаро дар ин кишварҳо халалдор созанд.

Дар мавриди имкониятҳову фурсатҳо таҳлиле пеш овардан каме сахт аст, вале ба назари ман ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кул ва махсусан кишварҳои кучак бояд аз пандемияи COVID-19 дарси ибрат биомӯзанд. Ҷаҳони пасоковидӣ албатта идомаи ҷаҳони то кавидӣ хоҳад буд. Он масоили актуалие, ки дар сиёсати хориҷиву сиёсати дохилии кишварҳои кучак имруз ҷой доранд, онҳо идомаи худашонро дар ҷаҳони пасоковидӣ ҳам хоҳанд ёфт. Аз ин нуктаи назар барои кишварҳои кучак, ки аз зарфияти зеҳнии маҳдудтаре бархурдор ҳастанд, яъне потенсиали иқтисодиву иҷтимоиашон ҳам маҳдуд аст, барои онҳо актуалӣ хоҳад буд то ба рушди илмҳои дақиқ, ба рушди илми тибб, равнақи илмҳое, ки бо фанновариҳову технологияи муосир пайвандӣ доранд, мусоидат кунанд. Ин имкон медиҳад, то онҳо дар дунёи муосир рақобатпазир бошанд ва аз осебҳои ногаҳонӣ ҳам эмин бимонанд. Нуқтаи дуввум, ба назари ман (ин танҳо хоси кишварҳои кучак нест), барои ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки бояд дар муносибат бо ҳамдигар ва шаҳрвандони худашон шаффоф бошанд. Як муҳити эътимодро фароҳам биёранд, то аз хатарҳои ғайрианъанавӣ, чолишҳои ногаҳониву дунёгир хубтар дифоъ кунанд.

Ба назари ман, ҷаҳони пасоковидӣ шоҳиди боло рафтани маҳбубияту аҳамияти идеяҳои ҳамгироии минтақавӣ хоҳад шуд. Албатта, пеш аз ҳама идеяҳои ҳамгироии иқтисодӣ. Аз эҳтимол дур намедонам, ки робитаҳои инсонӣ низ вусъат пайдо хоҳанд кард. Шумо дар боло бамаврид қайд кардед, ки буҳронҳои сахт маъмулан ҷомеаҳову давлатҳоро ба ҳамдигар наздик месозанд Таҷрибаи талхи мубориза бо коронавирус нишон дод, ки на танҳо кишварҳои кучак, балки абарқудратҳо низ дар саришта кардани чунин маразу вабоҳо оҷизанд ва ин барои кишварҳои кучак як фурсати дигарро фароҳам меоварад, то барои расидан ба ҳадафҳои иқтисодии худашон, барои боло бурдани сифати зиндагии мардумашон ва барои рушди ҳамкориҳои худашон дар бахшҳои гуногун форматҳои ҳамгироии минтақавӣ созмон бидиҳанд. Чунин форматҳо баъдан, бо зич шудани робитаҳо, метавонанд ба зинаҳои болотари ҳамгироӣ бароянд. Чунин форматҳо аввал албатта аз нигоҳи иқтисодӣ хуб ҳастанд ва дуввум, ба кишварҳои кучак имкон медиҳанд, ки дар муқобили нуфуз ва фишори кишварҳои абарқудрат як тавозуне эҷод кунанд.

 

Сӯҳбати мазкур 17 майи соли 2020 дар барномаи “Набзи сиёсат”-и Радиои Тоҷикистон пахш гардида,

аз ҷониби Умедҷон Иброҳимзода ба матн баргардонида шудааст

Баҳрӣ Хуршед номзади илмҳои сиёсӣ, корманди илмии кафедраи равандҳои сиёсии ҷаҳони Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии шаҳри Маскави назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мебошад. Баҳри Хуршед соли 1992-юм дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии шаҳри Маскави назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аст. Соли 2019 дар ҳамин донишгоҳ рисолаи номзадиашро аз риштаи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Нақши дипломатияи ҷамъиятӣ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ” дифоъ намудааст. Аз соли 2020-ум ба ҳайси корманди илмӣ дар кафедраи равандҳои сиёсии ҷаҳон дар Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии шаҳри Маскав кор мекунад. Номбурда муаллифи беш аз 10 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳои Русияву Тоҷикистон буда, инчунин муаллифи монография илмии “Дипломатияи ҷамъиятӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ” мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *